Субхи 17 декабри соли 2021 бахшида ба рузи умумичахонии мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) аз чониби Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) чорабини барои дастгирии кудакони гирифтори ин бемори ташкил карда шуд.
Дар чорабини барои кудакон барномаи фархангиву фарогати ташкил карда шуда, ба онхо дар интихои чорабини аз номи рохбарияти ЧХАТ тухфахои Соли нави такдим гардид.
Хамчунин, нимаи дуюми руз дар толори марказии ЧХАТ намоиши фуруши расмхои бехтарин, ки аз чониби як нафар кудаки гирифтори бемории ВНМО аст, ба намоиш гузошта шуд. Дар ин намоиш намояндагони сафоратхонахои кишвархои хоричи дар Чумхурии Точикистон ташриф оварда, расмхои ба намоиш гузошташударо харидори намуданд. Ин як икдоми хубе буд, барои дастгирии кудакони гирифтори бемории ВНМО.
Маркази итилоотии ЧХАТ, шахри Душанбе, 17 декабри соли 2021