Рўзи 4 апрел тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 8 декабри соли 2005, расман Рўзи байналмилалии Кўмак ба амалиёти зидди минаҳо эълон гардида, ҳар сол ин сана дар сатҳи байналмилали кайд карда мешавад.
Дар Чумхурии Точикистон ин маърака огоз аз соли 2006 кайд карда шуда, бо ин восита сатҳи огоҳкуни аз таҳдиди хатари минаҳо ва муҳимоти нотаркидаи чанги баланд бардошта мешавад.
Дар вилояти Сугд аз соли 2002 барномаи «Огоҳкунии аҳоли аз хатари минаҳо» аз тарафи ихтиёриёни Чамъияти Ҳилоли Аҳмари Точикистон (ЧХАТ) бо дастгирии молиявии КБСС дар як катор шахру навохии наздисархади ба фаъолият шурўъ намудааст. Максади барнома ин ташвик намудани мухити бехавф, таъмин намудани иттилоот ва дастрас намудани малакахое, ки ба одамон дар омўхтани рафтори бехавф заруранд, мебошад. Чунки минахо чанговарон, коргарон, чўпонхо ва ё кўдакони машгули бозиро аз хам фарк намекунанд. Аз ин лихоз, бештар кўдакон, ки бисёр кунчков хастанд, бояд аз хатари мина эхтиёт шуда, рафтори аз мина бехавфро ноил шаванд. Айни замон 13 нафар ихтиёриёни ЧХАТ фаъолияти босамари худро дар ин самт давом дода истодаанд.
Минахои замини чунин силохе мебошанд, ки баробари ба он даст расонидан ба кор даромада, одамонро мачрўх ва ё мекушанд. Минахо ва мухимоти нотаркида асосан дар минтакаи маркази байни сархади Ўзбекистону Точикистон ва байни сархади Точикистону Афгонистон гузошта шудаанд.
Ихтиёриёни ЧХАТ кўшиш ба харч медиханд, то мухассилини макотиб, ахоли, кормандони ташкилоту муассисахо оид ба хатари мина ва мухимоти нотаркида маълумоти бештару даќиќ пайдо намоянд. Бачахо дар чойхои хатарнок бози накунанд ё ин ки барои чаронидани чорво ва хезумчини нараванд. Худ ва наздикони худро аз хатари минахо эмин намоянд.
Ихтиёриён ин маълумотхоро бо тарики баргузор намудани сўхбатхо, вохўрихо, намоиши сахнахо дар чойхои чамъияти (бозор, чамоат, чойхона, тўю маъракахо) барои ахолии синну соли калон пахн менамоянд. Барои чавонон ва мактаббачагон корхои фахмондадихи ва таргиботи рафтори бехатар бо гузаронидани викторинахо, кашидани расмхо ва навиштани иншохо гузаронида мешавад. Гайр аз маводи таќсимотиро (буклет, вараќахо, таќвим) низ пахн намуда, онхоро дар чойхои намоён овеза карда мемонанд.
Боиси кайд аст, ки дар давоми семохаи аввали соли 2021 дар байни зиёда аз 2500 нафар маълумот пахн гардид, ки кариб хамаи иштирокчиён бори аввал чунин маълумоти заруриро гирифтанд.
Соли чори, огоз аз санаи 1 апрел бахшида ба Рўзи байналмилалии Кўмак ба амалиёти зидди минаҳо дар хама шахру навохии максадноки вилоят чорабини – викторинахо гузаронида шуданд, ки дар он мухассилини мактабхо фаъолона иштирок варзиданд.