15-уми ноябри соли 2021 дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак аз тарафи танзимгари барномаи «Тарғиби Арзишҳои башардустӣ, иттилоот, дастрасии бехатарӣ ва барқароркунии робитаҳои оилавӣ» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон вохўрӣ гузаронида шуд. Дар рафти вохўрӣ бо хонандагон ва омӯзгорон оид ба пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин мафҳуму принсипҳои бунёдии СС ва ҲА, муоҳидаҳои Женева, кай ва аз тарафи ки қабул ва эътироф гардидааст, сўҳбатҳо, инчунин оид ба тарзи истифодабарии аломату нишонҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар корҳои амалӣ ва саволу љавоб гузаронида шуд. Дар ин вохурӣ 102 нафар иштирок намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 16 ноябри соли 2021