20-24 майи соли 2024 намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷиҳати мониторинги фаъолияти лоиҳаи кӯмак ба ятимон ташриф оварданд.
20 майи соли 2024 намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо Курбониён Баходур, котиби генералии ҶҲАТ вохурӣ намуданд.
Зимни вохурӣ котиби генералии ҶҲАТ оид ба раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҶҲАТ ва Маркази имдод ва кумакҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маълумоти муфассал дод.
Дар навбати худ намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Марказ ва ҶҲАТ баҳои баланд дода, оид ба рушди ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас, меҳмонон бо корманди ҶҲАТ ва махсусан бо кормандони лоиҳаи кӯмак ба ятимон вохуриҳо баргузор намуданд.
Аз 21 то 23 майи соли 2024 намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун ва Ёвони вилояти Хптлон ташриф оварда бо фаъолияти баҳрабардорони лоиҳаи кӯмак ба ятимон, кӯдакони ятим ва аҳли оилаи онҳо аз наздик шинос гардиданд.
Имрӯз, меҳмонон дар толори Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ бо роҳбарият ва кормандони ҶҲАТ вохурӣ намуда, аз натиҷаи сафари худ иттилоъ доданд.
Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва кумакҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 оғоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардўстӣ ҷиҳати дастгирии ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлон ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон амалӣ гардида, ба 600 нафар кӯдакони ятим кӯмаки молиявӣ мерасонанд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шахри Душанбе, 24 майи соли 2024