29 марти соли 2023 намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корҳои башардустонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 оғоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардустӣ ҷиҳати дастгирии 600 нафар ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар якқатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, алалхусус дар ноҳияи Ёвон ва ВМКБ амалӣ мегардад.
Зимни сафар меҳмонон бо рафти амалишавии лоиҳаи дастгирии ятимон дар ноҳияи Ёвон шиносоӣ пайдо намуда бо кӯдакони яти ва сарпарастони онҳо аз наздик мулоқот намуданд.