ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ҶАМЪИЯТИ САЛИБИ СУРХИ ХИТОЙ БА ТОҶИКИСТОН

0
229

20-22 октябри соли 2023 намояндагони Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой: ҷаноби Сун Шуопенг, муовини Президенти Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой, ҷаноби Биен Сияо, сардори шуъбаи кумакҳои Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой ва хонум Джанг Хан, мутахассиси калони шуъбаи равобити хориҷии Ҷамъияти Салиби Сурхи Хитой ташриф намуданд.

20 октябр намояндагони Салиби Сурхи Хитой дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо Қурбониён Баҳодур, Котиби генералии ҶҲАТ вохурӣ намуданд. Зимни вохурӣ ҷониби Салиби Сурхи Хитой аз ҳамкориҳо бо ҶҲАТ изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд нуфтугу намуданд.

21 октябри соли 2023 намояндагони Салиби Сурхи Хитой аз филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар ташриф намуда, оид ба фаъолияти ин филиал аз наздик шинос гардиданд.