27 сентябри соли 2021 Омар Таслӣ, намояндаи Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилоли аҳмар дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна ба Тоҷикистон ташриф овард.
28 сентябр Омар Тасли бо масъулини Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) вохурӣ намуд.
30 сентябри соли 2021 Омар Тасли бо ҳамроҳии Аминзода Нодир ба ноҳияи Восеъ, ҷихати шиносоӣ бо фаъолияти сохтмончиён вобаста ба таъмири Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №28-и ҷамоати деҳоти Мирзоали Вайсови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Мирзоали Вайсови ноҳияи Восеъ ташриф овард.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти сохтмончиён Омар Тасли бо масъулини мактаб ва бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Восеъ вохурӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ҷамоати деҳоти Мирзоали Вайсови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз ҷониби ҶҲАТ бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Баҳрейн тавассути Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилоли аҳмар дар муддати 3 моҳ амалӣ хоҳад гашт.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 01 сентябри соли 2021