Ташрифи намояндаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Кулоб

0
80

14 июли соли 2021 намояндаи рушди Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурхва Ҳилоли Аҳмар (ФБЧССХА) Пол Давенпорт дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) Шумқоров Муноҷот ва Нодир Аминзода ҷиҳати шиносоӣ ба бахши ҶҲАТ дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон ба шаҳри Кулоб ташриф намуд.
Зимни сафари корӣ Пол Давенпорт бо Тоҷиддин Сатторзода, котиби иҷроияи бахши минтақавӣ ва волонтёрони бахши ҶҲАТ дар минтақаи Кулоб вохурӣ намуда, аз кору фаъолияти ин бахш аз наздик шинос шуд. Волонтёрон ба меҳмонон оид ба фаъолияти худ презентатсия намуданд.
Меҳмонон ҳамчунин аз мактабинтернати шаҳри Кулоб ва осорхонаи таърихии шаҳр дидан намуданд.
Баъди вохурӣ намояндаи ФБЧССХА Пол Давенпорт ба роҳбарияти бахши ҶҲАТ дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон барои пешравии фаъолияти ин бахш таклифу пешниҳодҳои муфид намуд.
                                                                        Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 14 июни соли 2021

 /span