Ташрифи Омар Тасли ба Тоҷикистон

0
73

2 августи соли 2021 Омар Тасли сардори намояндагии Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилоли Аҳмар ба Тоҷикистон ташриф овард.
Зимни сафари корӣ Омар Тасли бо роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва масъулини он вохурӣ намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки санаи 3-4 августи 2021 Омар Тасли бо ҳамроҳии котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Баходур ва корманди ҶҲАТ Аминзода Нодир ба ноҳияи Восеъ, ҷихати баррасии лоиҳаи таъмири мактаби №28-и ноҳияи Восеъ ташриф овард.
Бояд гуфт, пас аз  шиносоӣ аз вазъи  ин мактаб Омар Тасли бо масъулини мактаб ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ вохурӣ намуд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 04 августи соли 2021