ТАШРИФИ РОХБАРИЯТИ ХИЛОЛИ АХМАРИ ТОЧИКИСТОН БА ЧУМХУРИИ ХАЛКИИ ХИТОЙ

0
92

Субҳи 26 феврали соли 2019, Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён ба Кумитаи марказии Ҷамъияти Салиби Сурхии Хитой (ҶССХ) ташриф оварда, бо роҳбарияти он мулоқот намуд. Дар ҷараёни ин вохӯрии сатҳи олӣ ҳамкориҳои муштараки дуҷониба, лоиҳаҳои амалкунанда ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар ояндаи наздик мавриди баррасӣ ва мувофиқа гардиданд. Илова бар ин, Ёддошти ҳусни тафоҳуми нав байни ин ду ҷамъияти миллӣ ба имзо расид, ки он ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни ду ҷамъият боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад намуд.