Таърих ва самти фаъолияти барнома

0
1502
RFL logo

Барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ – БОР” бо дастгирии Салиби Сурх аз соли 1993, яъне баъд аз ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъоляти худро оғоз намуд. Маврид ба зикр аст, ки  ҳадаф аз татбиқ намудани ин барнома, пайдо намудани он шахсоне, ки дар вақти низоҳои мусаллаҳона, заминларза, ҳодисаҳои нохуши табиат ва муҳоҷират робитаҳои ойлавии худро гум менамоянд, пайдо намудани онҳо мебошад. Феълан дар доираи барнома бо 150 кишвари дунё ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. 

ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА:

1. Ҷустуҷуи хешовандону наздиконе, ки робита байни онҳо канда шудааст.
2.Ҷустуҷуи хуҷҷатхое, ки овардани шаҳрвандонро бо корҳои иҷборӣ дар лагерҳои консентратсионӣ, эвакуатсия тасдиқ менамояд.
3.Муайян ва маҳфуз намудани кабрҳои ҳарбӣ дар хориҷи кишвар.
4.Таҳлили пайғомҳои Салиби Сурх ва бурда расонидани он ба аъзоҳои оилаҳои маҳбусон.
Бояд гуфт, ин барнома дар панҷ минтақа фаъолят менамояд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд, ВМКБ, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва минтақаи Кӯлоб.
Маврид ба ёдоварист, ки дар муддати ду соли охир ба ҶҲАТ қариб 105 шаҳрванд барои дарёфти хешу таборонашон  дархости кофтуковӣ пешниҳод намуданд, ки бештари онҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ рабт доштанд. Инчунин дар ин самт 96-ҷавоб аз дигар кишварҳо қабул гардидааст, ки суроғаи 16-нафари онҳо пайдо гардид ва ба пайвандонашон расонида шуд. Дар ин баробар, 46-дархости кофтуковӣ аз дигар мамлакатҳо қабул гардид, ки ба 32-тои он мактуб ҷавоб гардонида шуд. Ҳамчунин дар давраи фаъолият 105-пайғомҳои маҳбусони афғон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндонӣ  буданд, ҷамоварӣ шуда, ба аъзоёни оилаҳои онҳо, ки бештарашон дар Ҷумҳурии Афғонистон қарор доштанд, расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша аз ҷониби танзимгари барнома ҳамасола дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақсаду моҳияти барномаи мазкур  семинарҳои омӯзишӣ  гузаронида мешавад.