ТАЪРИХ
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) 23 декабри соли 1927 таъсис ёфтааст.
Соли 1992 ҶҲАТ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии мустақил ва соҳибихтиёр, ки дар ҳудуди мамлакат амал мекунад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд.
ҶҲАТ фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти башардӯстона дар асоси принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба мисли: башардӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ, мустақилӣ, ихтиёрӣ, ягонагӣ ва ҷомеъият амалӣ месозад.
ҶҲАТ зиёда аз 12’000 аъзо, 950 ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёда аз 11’000 волонтёр дорад. ҶҲАТ аз 2 филиали вилоятӣ, 2 филиали минтақавӣ, 16 филиали шаҳрӣ ва 49 филиали ноҳиявӣ ва дар маҷмуъ аз 69 филиалҳо иборат мебошад.
ҶҲАТ 6 ноябри соли 1997 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эътироф шудааст ва аз 20 ноябри соли 1997 аъзои Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошад.
МАҚСАДУ МАРОМИ ҶҲАТ
Мақсади асосии ҶҲАТ, ҳамчун сохтори мададгори мақомоти давлатӣ дар самти фаъолияти башардӯстона, ба аҳволи табақаҳои мӯҳтоҷтарини аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст ё имконияти минималии иҷтимоию иқтисодиашон ва шаъни инсониашон ҷабр дидааст, беҳбудӣ бахшидан мебошад.
Мароми ҶҲАТ сабук гардонидани азоби мардум сарфи назар аз макон ва бе ҳеҷгуна тафриқа мебошад. ҶҲАТ дар мавриди зарурӣ кӯмаки беғаразонаашро тавассути аъзоён ва волонтёрони ихтиёриёни худ дар асоси эҳтиёҷмандии аҳолӣ мерасонад.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҶҲАТ:
- Паҳн намудани донишҳо оид ба ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстӣ ва арзишҳои башардӯстии Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,
- Тайёрӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда,
- Ҳифзи саломатӣ,
- Ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа,
- Аёдати шахсони ниёзманд,
- Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ,
- Огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо
- ва ғайраҳо.
Бартарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тољикистон нисбати дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар он аст, ки таҷрибаи бойи корӣ ва сохторҳои ҳозиразамони пуриқтидоре дорад. Дар ҳамаи ноҳияҳо, шаҳрҳо, минтақаҳо ва вилоятҳо намояндагии худро дорад. Ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳалли зист, ҷойи кору таҳсил ташкил карда шудаанд.
Тӯли панҷ соли охир беш аз 50’000 нафар, ки аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зарар диданд, аз ёриҳои муштараки ҶҲАТ ва ҳамкоронаш бархӯрдор гаштаанд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон рушд ва тақвияти филиалҳои минтақавии худро идома медиҳад, то фаъолияти онон бо қишрҳо ва мардуми осебпазир муассир бошад.
ҲАМКОРОН:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС),
- Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,
- Салиби Сурхи Олмон,
- Салиби Сурхи Италия,
- Салиби Сурхи Финландия,
- Салиби Сурхи Хитой,
- Ҳилоли Аҳмари Давлати Қувайт,
- Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Араб,
- дигар Ҷамъиятҳои Миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,
- Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо,
- Барномаҳои Созмони миллали муттаҳид,
- Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ
- ва ғайраҳо.