Тағйири иқлим, яъне чӣ? Яъне, ҳаво номусоидтар мегардад, борону барф дар ҷойҳои дигар ва бо ҷадвали дигар меборанд, дар ягон ҷойе бештар аз лозима меборанд, дар дигар ҷойе камтар, ҳарорати ҳаво боло меравад.
Тағйири иқлим, махсусан барои кишвари кӯҳие чун Тоҷикистон, душвориҳои зиёде меорад. Он ба саломатии мардум таъсир мерасонад, дастрасӣ ба об ва маҳсулоти кишоварзиро мушкилтар мегардонад, мардумро водор ба кӯчидан аз маконҳои зисти ҳазорсолаи худ мекунад.
Тағйири иқлим сабаби бештар гардидани офатҳои табиӣ мегарданд. Офатҳои табиӣ бо марги мардум ва ҷонварони хонагии онҳо, аз даст додани амволу дороияшон меанҷоманд. Офатҳои табиӣ мардумро бе сарпаноҳ мегузоранд. Дар Тоҷикистон мо махсусан баҳорон зуд-зуд шоҳиди бедодгариҳои офатҳои табиӣ мегардем.
Ҳилоли Аҳмар дар қиболи буҳрони иқлим хомӯш нест.
Мо чӣ гуна ба ин ҳама мушкилот посух мегӯем ва чӣ гуна омодагӣ мебинем? Дар тасвирҳои зерин бихонед:
* * * * * * * * * * * * * * *
The Climate will change your life!
What is Climate change? The weather will be unfavorable, it will rain and snow in other places and on a different schedule, in some places it will rain more than usual, in other places it will rain less, the temperature will rise.
Climate change poses many challenges, especially for a mountainous country like Tajikistan. It affects people’s health, makes access to water and agricultural products more difficult, and forces people to relocate from their millennial habitats.
Climate change is causing more natural disasters. Natural disasters result in the death of people and their pets, as well as the loss of property. Natural disasters leave people homeless. In Tajikistan, especially in the spring, we often witness the violence of natural disasters.
The Red Crescent Society of Tajikistan is not neutral in the face of the climate crisis. How do we respond to all these challenges, and how do we prepare? See the pictures below: