Рӯзҳои 25 ва 26-уми сентябр дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мавзӯи хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занон ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории КОВИД-19 тренинг баргузор гардид. Дар рафти семинар тренери варзида Зебунисо Шарипова оид ба паёмади манфии хушунат ба волонтёрон маълумот дод. Дар семинар беш аз 20 нафар волонтёрон иштирок намуданд ва ҷиҳати натиҷагирӣ аз дарсҳои назариявӣ бо сокинон вохӯрӣ намуда, дар доираи барномаи «Аутрич» оид ба омилҳои ба вуқӯъ омадани хушунат ва роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти хонаводагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Бояд гуфт, ҳадаф аз амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ин баланд бардоштани таҷрибаи кори волонтёрон дар самти пешгирӣ аз хушунат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки барномаи «Аутрич» дар ноҳияи Рӯдакӣ, н.Ёвон, н.Восеъ, н. Бобоҷон Ғаффуров ва шаҳри Ҳисору Исфара татбиқ мегардад. Тибқи ин барнома дар семинарҳои омӯзишӣ 120 волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаро гирифта мешаванд ва ба ҳамин васила онҳо ҷиҳати пешгирӣ аз хушунат ва мустаҳкам намудани пояҳои оиладорӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.