
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар доираи Лоиҳаи «Фонди вокуниши фаврӣ оид ба масъалаҳои об ва беҳдоштӣ барои гурезаҳои афғон (XYLEM)» дар ҳамкорӣ бо Дафтари ташкилоти байналмилалии «Ҳайати Шафқат» дар Тоҷикистон тақсими бастаҳои гигиениро ба гурезаҳои афғон дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ҷаббор Расулов ба роҳ монд.
Бо ин мақсад 20 май ба 110 нафар гурезагони афғон дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 23 май ба 50 нафар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бастаҳои гигиенӣ тақсим карда шуданд.
Дар рафти тақсимот кормандону волонтёрони ҶҲАТ дар ноҳияҳои болозикр ва намояндагони ташкилоти байналмилалии «Ҳайати Шафқат» дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 25-26 май дар шаҳри Ваҳдат низ ба 300 нафар гурезагони афғон бастаҳои гигиенӣ тақсим карда мешаванд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 23 майи соли 2022