Тақсимоти бастаҳои гигиенӣ ба оилаҳои зарардида

0
1825

 Имрӯз дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов тақсимоти бастаҳои гигиенӣ ба оилаҳои ниёзманд, ки дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон зарар дидаанд, оғоз шуд. Ҳамагӣ 70 оилаи деҳаи мазкур аз ин кӯмаки башардӯстона, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ ва дастгирии молиявии Салиби Сурхи Олмон пешниҳод гардидааст, баҳраманд хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, ба ниёзмандони деҳаи Маданият 20 оила, деҳаи Қурғонча 25 оила ва деҳаи Тоҷикобод 35 оила, дар маҷмӯъ ба 150 оилаи ноҳияи Ҷаббор Расулов кӯмаки беғаразона дар намуди бастаи гигиенӣ тақсим карда мешавад.
Бо ҳадафи мақсаднок, суроғавӣ ва ба таври шаффоф тақсим намудани кӯмаки мазкур комиссияи кории Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо намояндагони МИҲД-и ноҳия ва ҷамоат, ҳамчунин волонтёрони ҶҲАТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бевосита иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои наздик ба ин оилаҳо ҳамчунин кӯмакпулӣ ба ҳаҷми 1900 сомонӣ бо дастгирии ССО аз ҷониби комиссияи кории Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд тавассути Филиали ҶСП “Ориёнбонк” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи рӯйхати қаблан омода ва тасдиқшуда бо қайди ному насаб, суроға, рақами шиноснома ва гирифтани имзои сокинон супорида мешавад.