Тақсимоти бастаҳои гигиенӣ дар шаҳри Хуҷанд

0
1732

Бо иқдоми  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва USAID   ба муассисаҳои табобатии шаҳри Хуҷанд бастаҳои гигиенӣ тақдим шуд.
Ёдовар мешавем, ки бастаҳои гигиенӣ аз ҷониби Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ба Маркази солимгардонии иштирокчиёни ҶБВ, Маркази бемории дилу рагҳои хунгузари вилояти Суғд, Маркази вилоятии микроҷарроҳии чашм, Беморхонаи бачагонаи вилоятӣ, марказҳои саломатии рақамҳои 1, 4, 6 ва ҳам Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳри Хуҷанд расонида шуд.
Умед дорем, ки кӯмаки расонидашуда барои муассисаҳои табобатӣ саривақтӣ ва муфид хоҳад буд.