Тақсимоти кӯмаки башардӯстона ба ниёзмандону беморон

0
1973

15 феврали соли 2021 дар тарабхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намояндагони ВАО-и вилоятию шаҳрӣ ва оилаҳои ниёзманд чорабинии иҷтимоию хайриявӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар доираи Лоиҳаи “Андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон” сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд амалишавии лоиҳаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мақсаднок: Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен аз ҷониби кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ ба роҳ монда шудааст.
Дар давоми чанд моҳи амалишавии лоиҳа дар байни шаҳрвандони синну сол ва касбу кори гуногун чорабиниҳои мухталифи иҷтимоӣ, иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ташкил ва баргузор гардиданд.
ҶҲАТ тасмим гирифт, ки ин навбат бо ҳадафи дастгирӣ ва расонидани кӯмаки башардӯстона ба гирифторони бемориҳои сил, Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) ва оилаҳои камбизоат кӯмаки башардӯстонаро дар намуди бастаи маводи хӯрока ва мошини дарздӯзӣ ба таври ройгон дастрас намояд.
Дар чорабинии иҷтимоию хайриявӣ Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва Раиси озоди Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева иштирок ва сухан карда, доир ба ҳадафи асосии ташкил ва гузаронидани чорабинӣ ибрози андеша намуданд.
Гуфта шуд, ки тибқи нақша ба 755 оилаи ниёзманд аз шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Суғд: Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен бастаи маводи хӯрока ва ба 90 оилаи ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен, бахусус ба мубталоёни бемориҳои сил, Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО), гирифторони хушунат дар оила, мошини дарздӯзӣ бо тамоми маводи зарурӣ, аз қабили матоъ, ришта, сӯзан ва қайчӣ тақсим карда мешаванд.
Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд қаблан ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр бо мактуби дархостӣ муроҷиат карда буд, то рӯйхати оилаҳои камбизоат, ашхоси гирифтори бемориҳои сил, ВНМО ва хушунат дар оиларо пешниҳод намоянд. Дар ҷавоби мактуби Ҷамъият мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо рӯйхатро бо тасдиқи раисони шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намуданд, ки тақсимоти бастаи маводи хӯрока ва мошинҳои дарздӯзӣ қатъиян дар асоси ҳамин рӯйхат ба роҳ монда мешаванд.
Бояд илова намуд, ки маводҳои мазкур дар 2 марҳила тақсим карда мешаванд, ки дар умум 1510 ададро ташкил намуда, арзиши як бастаи маводи хӯрока наздик ба 500 сомонӣ (ҷамъ 755 ҳазор сомонӣ) ва як мошини дарздӯзӣ бо маводи зарурӣ наздик ба 5 ҳазор сомонӣ (ҷамъ 450 ҳазор сомонӣ) баробар аст.
Бо ҳадафи риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва пешгирии шаҳрвандон аз паҳншавии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ дар рӯзи нахустини тақсимоти кӯмаки башардӯстона тибқи рӯйхати пешниҳодкардаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 20 оилаи ниёзманд мошини дарздӯзӣ ва ба 20 оила бастаи маводи хӯрока тибқм ҳуҷҷатҳои бақайдгирии тасдиқшуда бо гирифтани имзои баҳрамандшудагон тақсим карда шуданд.
Чунин тақсимоти кӯмаки башардӯстонаи бастаи маводи хӯрока ва мошини дарздӯзӣ ба оилаҳои ниёзманд ва беморон рӯзҳои минбаъда дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ба роҳ монда мешавад.


Хотиррасон менамоем, ки ҳанӯз дар моҳҳои хурӯҷи бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 ДИ КМ ҶҲАТ ҷиҳати дастгириву расонидани кӯмак ба шаҳрвандон, бахусус ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарикони рушд, аз қабили Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶСС ва ҲА) ва Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои дӯсту бародар муроҷиат намуда буд, ки натиҷаҳои хуб дода истодааст.
Маркази иттилоотии ЧХАТ, ш. Душанбе, 17 феврали соли 2021