18-19 феврали соли 2021 дар бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шахри Душанбе чорабинии иҷтимоию хайриявӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон” бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва шарикони рушди чамъият сурат гирифт.
Дар рафти ин чорабини ҶҲАТ ба 688 нафар ниёзмандони чахор нохияхои шахри Душанбе кӯмаки башардӯстонаро дар намуди як халта орд, 5 литр равгани растани ва бастаи маводи хӯрокаи иборат аз маводхои зарурии хуроквори такдим намуд.
Дар рузхои наздик ҶҲАТ боз ба 14 шахру нохияхои чумхури чунин кумакхои хайриявиро ба анчом мерасонад.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 19 феврали соли 2021