21-уми майи соли 2020 кормандону волонтёрони бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Исфара кӯмаки башардӯстонаи Салиби Сурхи Олмон (ССО)-ро ба ашхоси ниёзманд расониданд.
Ёрдовар мешавем, ки 67 оилаи дар воқеъ ниёзманди деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара аз ин кӯмакҳо баҳраманд шуданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем ССО амалиёти минтақавиро оид ба мубориза бо бемории сирояткунандаи коронавирус – COVID-19 дар шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд – Исфара ва Ҷаббор Расулов роҳандозӣ намуда истодааст.
Ҳадафи асосӣ пешгирии сокинон, бахусус қишри осебпазири ҷомеа аз гирифторшавӣ ба бемории коронавирус, коҳиши теъдоди беморон, пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувор ва дастгирии амнияти озуқаворӣ мебошад.
Тақсимоти маводҳои хӯрока ва гигиенӣ ба оилаҳои ниёзманд – маъюбон, ашхоси яккаву танҳо, бепарасторон ва оилаҳои бесаробонмонда аз деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Кӯлканд тибқи рӯйхати қаблан пешниҳоднамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба роҳ монда шуд.
Бояд гуфт, ки бо дастгириву маблағгузории ССО давоми чанд соли охир дар деҳаи Гулистон иншоотҳои барои сокинон манфиатовар, бахусус 2 ҳавзи нигаҳдории оби нӯшокӣ ва зидди сӯхторӣ, яке дар дохили мактаб ва дигаре дар маҳаллаи деҳа ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ва майдони хурди футболро ба маблағи 132 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода додаааст.
Алҳол дар деҳаи Гулистон 2900 нафар (1400 оила) зиндагӣ менамоянд.
Дар ин ҷо 1 ташкилоти ибтидоӣ бо фарогирии 15 нафар аъзои ҶҲАТ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.