17 июни соли 2024 бахшида ба иди сайиди Қурбон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии ташкилотҳои хайриявии Ҷумҳурии Туркия тавассути сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниёзмандони ноҳияи Варзоб 1000 кг гӯшти гов тақсим намуд.
Ин кӯмак ба 250 нафар табақаҳои ниёзманди ноҳияи Варзоб таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ тақсим карда шуд.
Дар ҷараёни тақсимоти кӯмак муовини аввали раиси ноҳияи Варзоб ва муовини аввали Котиби генералии ҶҲАТ иштирок намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 17 июни соли 2024