Тақсимоти кӯмакҳои башардӯстон дар арафаи иди Рамазон дар вилояти Суғд

0
213

📜Дар асоси нақшаи корӣ, дар омад омади Иди Рамазон ин навбат дар бинои кории Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд, бо ташаббуси Филиали ҶҲАТ дар шаҳри Хуҷанд тақсимоти маводҳои хӯрока ба зиёда аз 30 нафар сурат гирифт.

↗️Дар ифтитоҳи чорабинӣ, қабл аз оғози тақсимот котиби иҷроия Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода суханронӣ намуда зикр дошт, ки дар заминаи ташаббусҳои наҷибу инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни фаъолиятҳои ҳамарӯзаи ҶҲАТ ва Филиалҳои он пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки қишри ниёзманди ҷомеа дастгирӣ карда шаванд. Дар ин росто чанде қабл бо ташаббуси Филиалҳои ҶҲАТ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ба чанде аз шахсони ниёзманд кӯмак дар намуди маводи хӯрока расонида шуд ва ин иқдом дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ба роҳ монда шуда истодааст.

✅️Парвиз Ҷабборзода аз муҳим будани иҷрои амалҳои неку хайр, махсусан дар моҳи Рамазон ёдовар шуда баён дошт, ки ин кӯмакҳо аз ҳисоби маблағҳое, ки тавассути сандуқҳои хайриявӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, харидорӣ гардид. Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳар нафаре, ки дар ташкил ва баргузории ин чорабинӣ ширкат доштанду саҳми худро дар иҷрои ин амали нек, дастгирии ашхсои ниёзманд гузоштанд,  изҳори сипос мекунад. Ин як мисоли равшани он аст, ки чӣ тавр ташаббусҳои якҷоя метавонад дар беҳбудии ҷомеа таъсиргузор бошад.

✨️Гуфта шуд, ки дар маҷмӯ чунин чорабиниҳо ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҶҲАТ оид ба расонидани кӯмак ба ниёзмандон мебошанд.

Бастаи маводҳои хӯрока, ки ба модарони танҳо, нафарони дорои маъюбият ва шахсони ниёзманд тақсим карда шуд, маводҳои ғизоӣ, аз ҷумла орд, биринҷ, равған, шакар ва дигар ниёзҳои рӯзгорро дар бар мегирад.

⭕️Сокинон аз чунин иқдоми Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд хуш истиқбол намуда даст ба дуо нек бардоштаву таманнои амну субот ва шукуфоиву осоиштагии кишварро намуданд.

📌Боиси зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷониби Филиалҳои ҶҲАТ дар арафаи фарорасии Иди Рамазон рисолати наҷибонаи кӯмак ба ниёзмандон идома дода шуда тибқи нақшаи корӣ ва дар доираи имкониятҳо мавҷуда аҳолии ниёзманд ба таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

🤝Бояд гуфт, ки амалишавии чунин ташаббусҳои хайрхоҳона аз дастригирӣ ва таваҷҷуҳи сокинони саховатманд низ вобаста аст. Ҳар нафар бо гузоштани маблағи муайян дар сандуқҳои хайриявӣ метавонад дасти хешро барои кӯмак ба қишри ниёзманди ҷомеа дароз намояд.

✳️Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои роҳандозии иқдомҳои хайрия, ба ташаббусҳои башардӯстона ва саховатмандонаи аҳолӣ низ такя мекунад. Сокинон метавонанд, маблағҳои хайрияро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла ба воситаи сандуқҳои хайриявӣ, бевосита дар филиалҳо, инчунин тавассути интиқоли бонк ё системаҳои электронии пардохт анҷом диҳанд.

🖼Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳар нафаре, ки нисбати қишри ниёзманди ҷомеа бетараф нестанду дасти ёрии худро дароз мекунанд, бо меҳрубонӣ ва инсондӯстӣ арзи сипос мекунад. Якҷоя мо метавонем ҷаҳонро беҳтар созем ва ба онҳое, ки дар вазъияти ногувор қарор доранд, кӯмак расонем.

▶️Мо аз ҳамаи сокинони кишвар ва корхонаву муассисаҳо даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа бо мо ҳамкорӣ намоянд. Афроди хоҳишманд метавонанд саҳми худро чӣ дар намуди маблағи пулӣ ва чӣ дар намуди маводи хӯрока гузоранд, то шумораи бештари оилаҳои ниёзманд дастгирӣ карда шаванд.