Тақсимоти пули нақд ба гурезагони афғон

0
714

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон” (Emergency Appeal MDR65006) дар рӯзҳои 31 октябр ва 1 ноябр дар шаҳри Ваҳдат (169 хонавода), рӯзи 2 ноябр дар ноҳияи Рудакӣ (41 хонавода) ва рӯзи 3 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе (35 хонавода) бо дастгирии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ва дар ҳамкорӣ бо шарикони доимӣ аз мисоли ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ кӯмаки пули нақди яккаратаро дар умум ба 245 хонаводаи осебпазир ва ниёзманди гурезаи афғон аз рӯи аломатҳои бисёрфарзандӣ, маъюбӣ, касалиҳои музмин ва меъёру аломатҳои дигари муқарранамудаи ФБҶ СС ва ҲА тақсим кард.
Дар ҷараёни тақсимоти ин кумак намоянда ва волонтерони филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳри Ваҳдат, дар ноҳияи Рудакӣ ва дар шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои фавқуззикр, намояндагони Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва намояндагони Маҷмааи “Ориёно” – намояндагии муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.