Санаи 17 май, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 40 кӯдаки имконияташон маҳдуд ва ниёзманд дар ноҳияи Рашт ҳадяҳо тақдим кард. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва бо иштироки Заррина Идизода, муовини аввали раиси ноҳия ва дар чорчӯбаи Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар сурат гирифт.