Таҳия ва тасдиқи нақшаи мактаб барои омодагӣ ба ҲФ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ноҳияи Рашт

0
549

Дар таърихи 14-уми марти  соли 2023 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар доираи барномаи “Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад ва дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Кӯдакони Созмони миллали муттаҳид дар муассисаи таҳсилоти умумии №40 деҳаи Ҳисораки ҷамоати деҳоти Ясмини ноҳияи Рашт чорабнии оид ба таҳия ва тасдиқи нақшаи муассисаи мазкурро барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур 20 узви гурӯҳи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи муассисаи мазкур, 2 омӯзгор, директори муассиса ва намояндаи ҶҲАТ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ, иштирокиён нақшаи муассисаро барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда таҳия, баррасӣ ва тасдиқ намуданд, ки аз рӯи он муассиса метавонад дар оянда дар робита ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амал намояд.