Таҷлили Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар дар ноҳияи Рудакӣ

0
357

18 майи соли 2023 дар доираи чорабиниҳои Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар ва рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Рудакӣ аз ҷониби филиали Колечи филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Рудакӣ дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия чорабинии варзишӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили волейбол, шашка ва шоҳмот ташкил карда шуда, ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Рудакӣ туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, №504 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиб, шарт ва муҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» ҳамасола дар моҳи май аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ дар саросари ҷумҳури бо чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад.