Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Бохтар

0
270

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Бохтар ва Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маъракаи иттилоотӣ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бо иштироки 200 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар оғоз роҳбарияти филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оид ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баромад намуда, сипас ба иштирокчиён саволҳои гуногун  оид ба таъриху фаъолияти  Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дода шудпанд.

Ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.