Тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, кӯдакони ноболиғу сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад, ба инсон вобастагӣ дорад. Ҳамаи инсонҳо чӣ марду чӣ зан чӣ кӯдаку чӣ болиғ вазифадоранд, тозагиро ҳамчун воқеияти аввалиндараҷа, қарзи асосии инсониашон шумурда, ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша тозаву озода нигаҳдор бошанд. Тоза нигоҳ доштани оби кӯлу дарёҳо асоси ҳастии инсону ҳамаи мавҷудоти рӯи замин, аз ҳама муҳим аст. Намебояд гузошт, то дар обҳо ифлосиҳо партоянд. Намебояд гузошт, то обҳоро, ки сарвати бузургу тақдирсозанд, бо нопокиҳо олуда гардонд. Тозагии муҳити обу ҳаво нигоҳ доштани ҳастии растаниву наботот, ки ҳама ба инсон фоидабахшанд низ аз худи одамон вобастагӣ дорад.
Ба ин васила, имрӯз дар ҳошияи ҷашни бузурги Наврӯзи байналмилалӣ кормандон ва волонтёрони филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар иқдоми ободонию кабудизоркунии шаҳри Леваканд саҳми арзандаи хушро гузоштанд.