Дар доираи амалишавии лоиҳаи “Мустаҳкамкунии иқтидор ва тақвияти савияи дониши аҳолии маҳал оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон”, тренинги якрӯзаи омӯзишӣ барои аҳолӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид
Омӯзиш бо иштироки 20 нафар сокинони деҳа гузронида шуд. Зикр гардид, ки лоиҳаи “Мустаҳкамкунии иқтидор ва тақвияти савияи дониши аҳолии маҳал оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон” бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони деҳот ва омодагии ҳамаҷонибаи онҳо ба ҳолатҳои фавқулода амалӣ гашта истодааст.
Аз ҷониби тренери лоиҳа Аҳмадов Рустамбек дар омӯзиш ба иштирокчиён сароғоз вобаста ба фаъолиятҳои асосии ҶҲАТ ва САҲА иттило дода шуд. Ҳамчунин тибқи барнома атрофи мавзӯҳои “Системаи Ҳолатҳои фавқулода (ҲФ) дар сатҳи маҳал, минтақа ва миллӣ дар Тоҷикистон”, ҶҲАТ – фаъолиятҳои асосӣ дар самти ҲФ: омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ”, “Ахбороти умумӣ оид ба ҳамкорӣ бо САҲА дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ”, “Консепсияи умумӣ оид ба ҲФ”, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва ғайра иттило дода шуд. Аз рӯи вазифагузорӣ, иштирокчиён ба корҳои гуруҳӣ низ машғул шуда харитаи маҳалро вобаста ба хавфи офатҳои табиӣ таҳия ва муаррифӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар маҳалҳо мавҷудияти харитаи вобаста ба амал дар ҲФ муҳим мебошад. Огоҳ будани сокинон аз ҳодисаҳои табиӣ ва фавқулодда хело муҳим буда дар сурати ба амал омадани он тавонанд, ки дуруст ва фаврӣ амал намоянд. Дар тренинг иштирокчиён аз ҳисоби фаъолон, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ ва шахсони барӯманди деҳот ҷалб карда шуданд.
Ҳамзамон дар қисми дуюми омӯзиш ба иштирокчиён тарзи дурусти расонидани ёрии аввали то духтурӣ аз ҷониби тренери бо таҷриба, Тоҷибоева Наргиса ба таври назариявӣ фаҳмонида шуда амалан нишон дода шуд.