Санаҳои 29 – 30-юми октябри соли 2020 дар толори конфронсии Меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд дар доираи Барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” бо дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Тренинги дурӯзаи бозомӯзӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани он мукаммал намудани дониши волонтёрони барнома буд. Дар тренинг намояндагони КБСС, кормандон ва волонтёрони Барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” аз манотиқи мухталифи кишвар: шаҳри Душанбе, минтақаи Кӯлоб, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт ва ҳам шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Конибодом, Шаҳристон, Айнӣ, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Сароғоз коргузори Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Исломҷон Бобоев иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти Бахши вилоятии ҶҲАТ хайра мақдам гуфта, доир ба ҳадафи баргузории Тренинги бозомӯзӣ сухан кард.
Ҳамоҳангсози Барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” дар вилояти Суғд Раънохон Камолова дар бораи таърихи таъсисёбии ҶҲАТ ва принсипҳои бунёдии Ҳаракати бийналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар тавассути намоиши слайдҳо дар проектор маълумоти муфассал дод.
Сипас намояндаи КБСС дар вилояти Суғд Исмоилҷон Ёқубҷонов оид ба фаъолияти КБСС ва барномаҳои КБСС дар Тоҷикистон маълумоти умумӣ дод ва филми видеоӣ дар хусуси фаъолияти густурдаи КБСС манзури иштирокдорон гардид.
Ҳамоҳангсози Барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” дар Кумитаи марказии ҶҲАТ Ӯлмас Давлатов оид ба мақсади асосии амалисозии барнома, ҳамкории ҶҲАТ бо шарикон дар самти амалиёти огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, ҳодисаҳои таркиши минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ, дастовардҳо ва мушкилот сухан кард.
Ҳамзамон, доир ба қоидаҳои бехатарӣ барои кормандони СС ва ҲА, дастрасии бехатар ҳангоми иҷрои фаъолияти башардӯстона ибрози назар гардид.
Дар ҷараёни тренинг намуди минаҳои зидди пиёдагард: ранг, андоза ва шакл тариқи слайд нишон дода шуда, ҳолатҳое, ки таркиш рух медиҳад, бори дигар фаҳмонида шуд. Дар бобати қоидаҳои рафтори бехавф, рафтори дуруст ва нодуруст дар маҳалҳои заҳролудшуда низ сухан рафт.
Ҳамин тавр, дар рафти тренинги бозомӯзӣ оид ба қоидаҳои расонидани ёрии аввали тодухтурӣ, Конвенсияи СММ оид ба манъи истеҳсол ва истифодаи минаҳои зидди пиёдагард маълумот пешниҳод ва филми видеоӣ бо номи “Аҳдномаи Оттава” манзури иштирокчиён карда шуд.
Дар рӯзи дуюми Тренинги бозомӯзӣ асосан баромади волонтёрон, бахусус сабақҳои омӯхташуда аз фаъолияти огоҳсозӣ шунида шуд. Ҳамзамон, барои онҳо тарзи дурусти навиштани ҳисобот аз рӯи шакли IMSMA нишон дода, қайд гардид, ки кадом маълумот оид ба ОАХМ дар варақаи ҳисоботӣ бояд дарҷ шаванд.
Дар интиҳо масъалаи ҳамкорӣ бо ВАО оид ба ҳарчӣ бештар огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо мавриди муҳокима қарор дода, хулоса ва пешниҳодҳои иштирокчиён ба инобат гирифта шуданд.
Ҳамин тавр, Тренинги дурӯзаи бозомӯзӣ дар доираи Барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” хотирмон ва манфиатовар доир гардид.