Тренинги муфид барои кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

0
593

3 – 7 апрели соли 2023 дар толори Кумитаи марказии ҶҲАТ тибқи Нақшаи кории Лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ ЕСНО-РРР” Тренинги панҷрӯза дар мавзӯи “Таъмини об, риояи беҳдошт ва тозагии шахсӣ дар ҳолатҳои фавқулода (WASH in emergencies)” барои кормандони лоиҳаи мазкур баргузор гардид. Дар он бо баробари роҳбарият ва намояндагони ДИ КМ ҶҲАТ, кормандони лоиҳа аз 7 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар оғози тренинг муовини Котиби генералии ҶҲАТ Мирова Дилором Саидовна ҳамагонро хайра мақдам гуфта оид ба ҳадафи ташкил ва гузаронидани он суханронӣ намуд.

Дар давоми панҷ рӯз тренерони варзида ва шоиста – Майк Вулф ва Марко Скодак аз Салиби Сурхи Австрия тибқи барномаи мукаммали тренинг бо презентатсия ва слайдҳои қаблан омодашуда мавзӯъҳоро фаҳмониданд. Ҳамин тавр, дар рафти Тренинг доир ба мавзӯъҳои “Барномаи махсуси ФБҶСС ва ҲА surge+WASH”, “Механизми вокуниш ба ҲФ дар ҶҲАТ”, “Муқаддимаи “Сфера”, “Об ва бемориҳои тавассути об гузаранда”, “Glo Germ ҳамчун воситаи муассир барои намоиш додани усулҳои шустани дастҳо, тоза кардани рӯи ашёҳо, риояи тозагии шахсӣ (гигиена) ва маҳдуд кардани сироят”, “Андоза ва ченакҳои сифати об”, “Сифати об”, “Қоидаҳои безарар гардонидан дар сатҳи хонавода”, “Риояи беҳдошт (санитария) дар ҲФ”, “Масъалаҳои тозагии шахсӣ (гигиена) дар ҲФ”, “8 қадами масъалаҳои тозагии шахсӣ – механизми ФБҶСС ва ҲА”, “Масъалаҳои гигиенаи занона (МНМ)”, “Машқи масъалаҳои PGI – ҳимоя, гендер ва фарогирӣ”, “Ҷалби ҷомеа ва масъулият (СЕА)”, “Кӯмаки нақдию ваучерӣ ҳангоми татбиқи қоидаҳои таъмини об, риояи беҳдошт ва тозагии шахсӣ дар ҳолатҳои фавқулода (WASH)” ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Пас аз ҳар як мавзӯи пешниҳодшуда бо ҳадафи мустаҳкам намудани назария, яъне дониши гирифтаи иштирокдорон, корҳои амалии гурӯҳӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар рӯзи чаҳоруми тренинг, ки қисмати амалии он буд, иштирокдорон ба ду гурӯҳи баробар ҷудо шуда, мавзӯъҳои давоми 3 рӯзи аввал омӯхтаашонро бо гузаронидани корҳои амалӣ намоиш доданд. Гурӯҳи аввал дар мавзӯи “Қоидаҳои безарар гардонидани об дар сатҳи хонавода ва санҷиши сифати об” ва гурӯҳи дуюм дар мавзӯи “Сохтани ҳоҷатхона дар ҳолатҳои фавқулода” барои зарардидагони ҳодисаҳои нохуш.

Ҳамин тавр, санаи 7-уми апрели соли 2023 Тренинги панҷрӯза дар мавзӯи “Таъмини об, риояи беҳдошт ва тозагии шахсӣ дар ҳолатҳои фавқулода (WASH in emergencies)” ба фарҷом расид.

Хотиррасон менамоем, ки он дар доираи Лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ ЕСНО-РРР” барои кормандони лоиҳаи мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фазои озоду солим ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рӯзи охирини Тренинги панҷрӯза, ба ҳамаи иштирокдорон Сертификати иштирокчии тренинг супорида шуд. Сертификатҳоро дар вазъияти тантанавӣ муовини Котиби генералии ҶҲАТ Мирова Д.С. ва тренерон Марко ва Майк ба иштирокдорони тренинг супориданд.