13-14 июли соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб дар доираи барномаи “Воридшавии эҳтимолии гурезагони афғон” (EMERGENCY APPEAL, MDR65006) тренинги омӯзишии дурӯза барои волонтерони филиали ҶҲАТ-и ноҳияи Ш. Шоҳин баргузор гардид. Дар тренинги мазкур 20 нафар волонерон иштирок намуданд. Ҳадафи тренинг ин омӯзонидани волонтеронии филиали ҶҲАТ-и н.Ш. Шоҳин мавзӯъҳо оид ба маълумоти умумӣ дар бораи Харакати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, риояи принсипҳои бунёдӣ, истифодабарии аломатҳо, асосҳои ҳуқуқии ҶҲАТ, нақши ҶҲАТ дар системаи омодагӣ ва вокуниш ба ҲФ дар ҶТ, системаи идоракунӣ ҳангоми ҲФ, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ, қоидахои бехатарӣ, ҷалби ҷомеа ва дигар мавзӯъҳо буд. Тренинг аз тарафи тренерони ботаҷрибаи шӯъбаи Ҳолатхои фавкулодаи Дастгохи ичроияи Кумитаи марказӣ ва филиали ҶҲАТ дар ш. Кӯлоб дар мавзуҳои дар боло зикршуда гузаронида шуд.