ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР БОРАИ ПАНОҲГОҲ ВА ҶОЙГИРКУНӢ (SHELTER)

0
48

10-14 феврали соли 2025 тренинги панҷрӯзаи омӯзишӣ дар бораи паноҳгоҳ ва ҷойгиркунӣ (SHELTER) дар меҳмонхонаи Гринвуди шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи соли сеюми лоиҳаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ» (ECHO PP) сурат гирифт.

💠Дар маросими ифтитоҳи тренинг, муовини котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Дилором Мирова, намояндагони Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар Вардел Иствуд ва Шамс Муҳидинов суханронӣ намуданд. Онҳо ба иштирокчиён дар бораи аҳамияти мавзӯъ ва ҳадафҳои тренинг маълумот доданд.

🔶️Дар қисми аввали омӯзиш иштирокчиён бо мӯҳтавои тренинг ва ҳадафҳои баргузории он ошно шуданд. Ба ғайр аз баррасии масъалаҳои назариявӣ, қисми дуюми оӯзиш ба машғулияти амалӣ дар фазои кушод бахшида шуд. Иштирокчиён сохтани хайма ва ба назар гирифтани меъёрҳои муқарраршударо ҳангоми сохтани паноҳгоҳ барои шахсони бе ҷой монда ёд гирифтанд.

⭕️Мавзуъҳои дигар дар тренинг, аз ҷумла, муҳимияти паноҳгоҳ, стандартҳо ва нозукиҳои SHELTER низ баррасӣ гардиданд. Тренери бо таҷриба, Вардел Иствуд, дар бораи ин мавзӯъҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд.

🔶️Ин тренинг барои омӯзиш ва фаҳмиши равандҳои SHELTER хеле муҳим аст, зеро ба иштирокчиён имконият медиҳад, ки донишу малакаи худро дар ин самт такмил диҳад. Аз ҷониби дигар тренери бо таҷриба Вардел Иствуд, нафаре аст, ки дар беш аз 60 кишвар таҷриба андӯхта яке аз мутахассисони варзидаи Федератсияи БҶСС ва ҲА мебошад.

🧩Хотиррасон менамоем, ки Лоиҳаи “ЕСНО-РРР” шурӯъ аз моҳи майи соли 2022 инҷониб бо дастгирии молиявии Дафтари башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Олмон, Салиби Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Италия аз ҷониби кормандону волонтёрони ҶҲАТ дар 7 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд дар амал тадбиқ шуда истодааст.