Барои аъзоёни кумитаи маҳал оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар МТМУ №79-и ҷамоати Хурмии шаҳри Панҷакент тренинги омӯзишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид. Ин омӯзиш дар доираи амалишавии лоиҳаи “Мустаҳкамкунии иқтидор ва тақвияти савияи дониши аҳолии маҳал оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) маблағгузорӣ мешавад, аз тарафи ҶҲАТ гузаронида шуд. Тренинг бо иштироки ҳамоҳангсози лоиҳа Ҷабборзода Парвиз, тренири лоиҳа Абдусамадов Темур, намояндагони бахши КҲФ ва МГ дар шаҳри Панҷакент, котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар шаҳри Панҷакент Бозоров Абдумаҷид ва 20 нафар фаъолон баргузор гардид.
Тренири лоиҳа Темур Абдусамадов вобаста ба мавзӯҳои “Системаи Ҳолатҳои фавқулода (ҲФ) дар сатҳи маҳал, минтақа ва миллӣ дар Тоҷикистон”, ҶҲАТ – фаъолиятҳои асосӣ дар самти ҲФ: омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ”, “Ахбороти умумӣ оид ба ҳамкорӣ бо САҲА дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ”, “Консепсияи умумӣ оид ба ҲФ”, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва инчунин вобаста ба расонидани ёрии аввали то духтурӣ ба иштирокчиён маълумот дод. Аз рӯи вазифагузорӣ, иштирокчиён ба корҳои гуруҳӣ низ машғул шуда харитаи маҳалро вобаста ба хавфи офатҳои табиӣ таҳия ва муаррифӣ намуданд.
Ҳамчуни дар ҷарайёни омӯзиш баробари фаҳмонидани мавзӯҳо, амалан тарзи дурусти расонидани ёрии аввал ба заарардидагон нишон дода шуда иштирокчиён низ онро иҷро намуданд. Аз ҷумла вобаста ба принсипҳои асосии расонидани ёрии аввал дар ҷои ҳодиса, риояи меъёру талаботҳо ва дигар чораҳои бехатарӣ, огоҳ намудани мақомотҳои дахлдор оид ба вазъияти ба амал омада, интиқоли захмиён ба муаассисаҳои тиббӣ ё ёрии таъҷилӣ ва дигар нуктаҳои муҳим муфассал маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки деҳаи Хонақои шаҳри Панҷакент яке аз деҳаҳои осебпазир маҳсуб меёбад ва дар он эҳтимолияти рух додани ҳар гуна ҳодисаҳои табиӣ дида мешавад. Аз ин лиҳоз баланд бардоштани савияи дониши сокинон вобаста ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ тавассути чунин тренингҳо ва ба онҳо омӯзонидани тарзи дурусти расонидани ёрии аввали то духтурӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар навбати худ иштирокчиён ба ҶҲАТ ва САҲА вобаста ба гузаронидани чунин як омӯзиши муфид ва саривақтӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Дар идомаи рӯз машқи амалӣ дар варзишгоҳи деҳа баргузор гардид. Тибқи сенарияи машқи амалӣ дар деҳа ҳодисаи фавқулоддаба амал омад ва аз ҷониби роҳбари гуруҳ оид ба эътино ба ҳолати фавқулодда дар деҳа ба Бозоров А. котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар шаҳри Панҷакент вобаста ба ҳодисаи ба амал омада хабар дода шуд. Котиби иҷроия дар навбати хуб ба КҲФ хабар дод. Маълум гардид, ки чанд нафар дар натиҷаи ҳодиса захмҳои гуногун бардоштанд. Аъзоёни кумитаи маҳал оид ба ҲФ фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда аз ҷониби онҳо ба захмиён кӯмаки аввали то духтурӣ расонида шуд. Иштирокчиён бо истифодаи малака ва маҳорати худ ба нафароне, ки ҷароҳатҳои гуногун ба монанди, хунравии дохила, хунравии беруна, шикасти пой ва даст бардошта буданд, ёрии аввали то духтуриро расониданд. Баъди расонидани кӯмаки аввал ҳамаи зарардидагон ба Ёрии таъҷилӣ интиқол дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар 10 деҳаи шаҳри Панҷакент, Амондара, Шинг, Шингак, Ёрӣ, Рӯзи обнок, Пағна, Панҷрӯд, Кабудсанг, Сор, Хонақо барои беш аз 200 нафар сокинон тренингҳои омӯзишӣ вобаста ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ гузаронида шуда буд. Дар ин омӯзишҳо 20 нафар аз ҳар деҳа ширкат варзиданд ва савияи дониши худро баланд бардоштанд.
Боиси зикр аст, ки амалишавии лоиҳаи “Мустаҳкамкунии иқтидор ва тақвияти савияи дониши аҳолии маҳал оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон” дар ҳудуди вилояти Суғд чанде қабл оғоз гашта дар доираи он гузаронидани трененгҳои омӯзишӣ ба сокинони 50 деҳаҳои 5 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд аз ҷумла шаҳри Панҷакент роҳандозӣ гашта истодааст. Қаблан чунин омӯзишҳо дар ноҳияи Ашт ва Деваштич бо фарогирии 20 деҳаи осебпазир аз ҳар ду ноҳия 10 ададӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин омӯзишҳо дар ҳудуди 5 деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ баргузор гардид. Дар ҳар ноҳияву шаҳр баъди тренингҳои якрӯзаи омӯзишӣ барои аҳолӣ тренинги 2 рӯза бо иштироки аъзоёни КМ оид ба ҲФ ва машқи амалӣ бо иштироки мақомотҳои дахлдор ва 50 нафар гузаронида шуда аз ҷониби иштирочиёне, ки қаблан омӯзиш гирифта буданд, ба зарардидагон ёрии аввали тиббӣ расонида шуд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд миннатдории хешро ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент шаҳри Панҷакент хоса ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода (Abdukholiq Kholiqzoda) баён менамояд, ки барои баргузор намудани омӯзишҳо ҳамаҷиҳата мусоидат намуданд. Ҳамчунин дар баргузории омӯзишҳо кормандони РКҲФ МГ дар шаҳри Панҷакент намояндагони ҷамъиятро ҳамроҳӣ намуданд ва раисони ҷамоату деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимии деҳаҳои болозикр ва дигар сохтору идораҳо дар баргузории омӯзишҳо мусоидат намуданд ва ин омил боис гардид, ки тренингҳои омӯзишӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, лоиҳаи “Мустаҳкамкунии иқтидор ва тақвияти савияи дониши аҳолии маҳал оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон” соли сеюм аст, ки амалӣ мешавад. Соли 2019 лоиҳа дар вилояти Хатлон бо фаро гирифтани 50 деҳаҳои осебпазир амалӣ гардонида шудааст. Соли 2020 бошад, дар минтақаи Рашт бо фаро гирифтани 50 деҳаҳои осебпазир ва соли ҷорӣ бошад, лоиҳа дар 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, бо фаро гирифтани 50 деҳаҳои осебпазир амалӣ гардида истодааст. Амалишавии лоиҳа идома дошта дар идома омӯзишҳо дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ роҳандозӣ хоҳад шуд, ки муфассал минбаъд маълумот дода мешавад.
Асосӣ Пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда Тренинги омӯзишӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва машқи амалӣ