Тренинги техникии панҷрӯза оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ»

0
1829

14 июн тибқи Нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), бахусус Шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи он ва бо дастгирии молиявии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар доираи лоиҳаи «Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон (Emergency Appeal: MDR65006, Population Movement)» дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор тренинги техникии панҷрӯза оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ» барои кормандони ҶҲАТ ба кори худ оғоз намуд.

Дар рӯзи якуми тренинги техникӣ роҳбарият, сардорони шуъбаҳо ва кормандони ДИ КМ ҶҲАТ ва ҳамоҳангсозони Марказҳои вокуниши ба ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ дар вилоятҳои Суғд, ВМКБ, минтақаҳои Бохтар ва Рашт иштирок намуданд.

Тренингро сардори Шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ДИ КМ ҶҲАТ Шуҳрат Сангов ифтитоҳ намуда, оид ба ҳадафи ташкил ва гузаронидани он суханронӣ кард.

Аз номи роҳбарияти ҶҲАТ муовини якуми Котиби генералӣ Нурулло Файзализода суханронӣ карда, ба кори чорабинӣ муваффақият таманно намуд.

Муовини Котиби генералии ҶҲАТ Дилором Мирова дар бобати муҳим ва саривақтӣ гузаронидани тренинг ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҶҲАТ ин вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода, расонидани кумаки башардӯстона ба зарардидагону осебдидагони офатҳои табиӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона маҳсуб мешавад.

Дар идомаи кори тренинг менеҷери лоиҳа ва тренер аз намояндагии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон Санҷай Мухерҷӣ оид ба мавзӯъҳои барномаи тренинг фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд.

Гуфта шуд, ки доир ба HUMANITARIAN SHELTER (Паноҳгоҳи башардӯстона), асосҳои паноҳгоҳ, тарзи ташкил он ва ҷобаҷокунии зарардидагону гурезагон, ҳар як корманди ҶҲАТ бояд маълумоти зарурӣ дошта бошад.

Ҳамзамон оид ба марҳилаҳои паноҳгоҳ, роҳу усули расонидани кумак ба осебдидагону гурезагон, терминологияи он, банақшагирии паноҳгоҳ ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар интиҳои рӯзи якуми тренинг иштирокдорон, ки дар оғоз ба 5 гурӯҳи корӣ тақсим шуда буданд, назарияи азхуднамудаи худро бо иҷрои кори амалӣ нишон доданд.

Ҳамин тавр, рӯзи якуми тренинги техникии панҷрӯза ба охир расид.