18-22 декабри соли 2023 дар толори меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе аз ҷониби шуъбаи иҷтимоӣ-тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) тренинги 5 рӯза оид ба назорати сироятӣ бо ҷалби ҷомеа доир гардид.
Чорабиниро Дилором Мирова, муовини котиби генералии ҶҲАТ, намояндаи Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, намояндаи Салиби Сурхи Финляндия ва намояндаи Салиби Сурхи Норвегия ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар оғози чорабинӣ аз љониби Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-и ҶҲАТ баромад оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, принсипҳои бунёдӣ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад доир гардид.
Сипас, чорабинӣ тибқи рӯзномаи он идома ёфт.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 нафар кормандони ҶҲАТ, намояндагони сарпарастони лоиҳа, волонтёрони ҶҲАТ, ки дар лоиҳаи назорати сироятӣ бо ҷалби ҷомеа фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 26 декабри соли 2023