Дар доираи лоиҳаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ» (ECHO PPP) дар соли II гузаронидани як силсила тренингҳо оид ба нақши ёрирасон ва ҳуқуқи ҳолатҳои фавқулода барои филиалҳои ҶҲАТ дар назар аст. Ин ташаббус дар филиали минтақавии Бохтар бо омӯзиши якрӯза дар саннаи 02 феврали соли 2024 оғоз ёфт. Мутахасисони лоиҳа кормандон, аъзоёни Гурӯҳи миллии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва волонтёрони минтақавиро бо барномаи (ECHO РРР) шинос намуда, доир ба нақши ёрирасони Ҷамъияти миллӣ, ҳуқуқи ҳолатҳои фавқулода ва самтҳои он, аз ҷумла Ҳуқуқи байналмилалии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (IDRL) ва мақоми татбиқшавии ҳуқуқи ҳолатҳои фавқулода ва (IDRL) дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон маълумот доданд. Тренинг инчунин як сессия оид ба Ҷалби ҷомеа ва ҳисоботдеҳ будан (CEA)-ро дар бар гирифт.
Мақсади ин силсила тренингҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон ва волонтёрони филиалҳо дар бораи нақши ёрирасони ҶҲАТ ба Ҳукумати Тоҷикистон, арзёби ва ислоҳоти ҳуқуқи офатҳои фавқулода, ки ҶҲАТ дастгирӣ мекунад, мебошад. Таҷрибаи ин тренинги аввал барои гузаронидани тренингҳои минбаъда дар дигар филиалҳо истифода мешавад.