ТРЕНИНГ ДАР МАВЗӮҲОИ “НИҲОДИКУНОНИИ ҶАЛБИ ҶОМЕА ВА МАСЪУЛИЯТ” ВА “ҲИФЗ, ГЕНДЕР ВА ФАРОГИРӢ ДАР ҲФ” БАРОИ КОРМАНДОНИ ҶҲАТ

0
497

Аз 30 октябр то 03 ноябри соли 2023 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ”-и барномаи “ЕСНО-РРР” тренинги дурӯза бо унвони “Ниҳодикунонии маханизми ҷалби ҷомеа ва масъулият” (30-31 октябри соли 2023) ва тренинги серӯза бо унвони “Ҳифз, гендер ва фарогирӣ дар ҲФ” (01-02 ноябри соли 2023) барои кормандони ҶҲАТ доир гардид.

Дар чорабинӣ кормандони Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд, Филиали ҶҲАТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан кормандони лоиҳаи мазкур аз ҳамаи 7 шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Суғд иштирок намуданд.

Аз номи роҳбарияти ҶҲАТ тренингро муовини аввали Котиби генералии ҶҲАТ ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро барои иштироки фаъолона даъват намуданд. Сипас кормандони лоиҳа суханро оид ба аҳамият ва саривақтӣ будани баррасии мавзӯҳои мазкур барои кормандони ҶҲАТ давом доданд.

Дар давоми 5 рӯз тренерони варзида, аз ҷумла хонумон Сисилия Портило, Диана Медина, Лина Гарсиа ва Эрика О’Ҳаллорайн дар доираи мавзӯъ ва масоили ниҳодикунонии восита ва маханизми ҷалби ҷомеа ва масъулият, масъалаҳои ҳифз, баробарии гендерӣ ва фарогирӣ дар ҳолатҳои фавқулода, бехатарӣ, хушунат ва зӯроварӣ ва одамрабоӣ дар ҷомеа ва ғайра тавассути намоиши слайду презентатсияҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Барои мустаҳкам намудани донишу маълумоти гирифташуда дар байни иштирокдорон бештар корҳои гурӯҳӣ гузаронида шуданд.

Ҳамин тавр, ин ду тренинги муҳим барои иштирокчиён хеле хотирмон ба итмом расид.

Дар хотима барои ҳар як иштирокчиён дар ҳузури роҳбарияти ҶҲАТ аз ҷониби тренерони байналмилалӣ сертификати (шаҳодатномаи) иштирокчии тренинг дар мавзуҳои фавқуззикр супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ”, ки дар доираи барномаи “ЕСНО-РРР” аз моҳи майи соли 2022 инҷониб бо дастгирии молиявии Дафтари башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Олмон (ташкилоти пешбар), Салиби Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Италия аз ҷониби кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ дар 7 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд дар амал тадбиқ шуда истодааст.