Тренинг оид ба омодагӣ ба коҳиши хавфи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ва ёрии аввал дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Восеъ

0
469

13 сентябри соли 2023 аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкориҳо дар Аврупо (САҲА) дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ барои аъзоёни Кумитаи маҳали ин деҳа тренинги омодагӣ ба машқҳои амалӣ оид ба коҳиши хавфи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ва ёрии аввал баргузор гардид.

Рафти чорабинӣ аз шиносои бо иштирокчиён оғоз гардида, сипас, тибқи рӯзнома барои иштирокчиён машқҳои вобаста ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, расонидани ёрии аввали то духтурӣ баргузор гардиданд.

Бояд гуфт, ки 14 сентябри соли 2023 доир намудани машқҳои амалӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба накша гирифта шудааст.