Лоиҳаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), “Мустаҳкамкунии иқтидор ва тақвияти савияи дониши аҳолии маҳал оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) маблағгузорӣ мешавад, муддати 28 июн то 15 декабри соли 2022 амалӣ мегардад. Шуруъ аз 08 август то 16 ноябри соли 2022 сол дар 5 шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба монанди Ваҳдат, Рудакӣ, Варзоб, Ҳисор ва Шаҳринав тренингҳои омӯзишии якруза барои аҳолӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва расонидани ёрии аввали тодухтурӣ бояд баргузор гардад. Бояд қайд намуд, ки ҳар як гуруҳи маҳал иборат аз 20 нафар мебошад. Илова ба ин, дар ҳар як шаҳру ноҳия панҷ кумитаи маҳал иборат аз 20 нафар ташкил мегардад. Пас аз ташкил намудани кумитаи маҳал, дар ҳар як ноҳия машқи симулятсионӣ бо ҷалби бевоситаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти оташнишонии Вазорати Корҳои Дохила, Хадамоти ёрии аввали тиббӣ, хадамоти санитарӣ ва ихтиёриёни филиали ҶҲАТ бо ҷалби васеи аҳолӣ баргузор мегардад.
То имруз, оғоз аз 08 то 20 августи соли 2022 даҳ семинари якруза дар 10 деҳаҳои ҳадафии шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Ҳамагӣ 200 нафар аҳолии деҳаҳои зерини шаҳри Ваҳдат ба монанди Холмуродӣ, Чуянгарон, Камонгарон, Ромит, Поёноби поён, Армуғон, Ваҳдатобод, Саричашма, Навобод ва Чутқайша бо донишҳои оддитарин вобаста ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ бархурдор гаштанд.
Мувофиқи нақшаи кории лоиҳа, аз 24 август то 3 сентябр семинарҳои якруза дар деҳаҳои ҳадафии ноҳияи Рудакӣ ба монанди Киблаӣ, Қамчин, Ҳайронак, Иқбол, Тоҷикобод, Гулобод, Бешкаппа, Ишқобод, Турдиев ва Косибон давом доранд. То санаи 9 сентябри соли ҷорӣ, машқи амалӣ дар яке аз деҳаҳои ҳадафии ноҳия баргузор мегардад.