Фаъолияти самараноки волонтёрон – асоси пешравии Ҳилоли Аҳмар

0
1967

Яке аз қувваҳои пешбарандаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ин волонтёрон мебошанд. Санаи 25.08.22 сол дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо волонтёрони Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ин ноҳия имрӯз вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ доир ба таърихи пайдоиши Ҳаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, барномаҳои амалкунанда, санадҳои меъюриву ҳуқукӣ ва ғайра маълумот дода шуд.
Дар вохӯрӣ волонтёрон – кормандони тиб, фаъолони ҷамоатҳо, донишҷӯён ва кормандони соҳаҳои гуногун дар теътоди зиёда аз 40 нафар иштирок доштанд. Бояд қайд намуд, ки дар вохӯрӣ волонтёрон аз деҳаҳои дурдасти ҷамоатҳои ноҳия низ иштирок доштанд.
Баъд аз баромад аз ҷониби иштирокчиён саволҳо оид ба барномаҳое, ки дар миқёси вилоят амалӣ мегардаднд, манбаҳои даромади Ҳилоли Аҳмар, вазифа ва ӯҳдадориҳои волонтёрон ва кормандони Ҳилоли Аҳмар дода шуданд. Аз ҷониби ҳамоҳангсоз ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.
Бояд қайд кард, ки дар чорабинӣ Муҳаббат Комилова – котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Рудоба Мадаминова – сардухтури Маркази силшиносии ноҳия иштирок доштанд. Роҳбари филиал доир ба ҷоннок кардани корҳои тарғиботу ташвиқотӣ дар байни аҳолии ноҳия дар самти бурдани тарзи ҳаёти солим ва фаъолияти волонтёрӣ гуфта гузашт.


Камолова Р. – ҳамоҳангсози барнома дар вилояти Сугд