21 январи соли 2024 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуми башардӯстона барои дастгирии мардуми осоиштаи Ғаззаи Ҷумҳурии Фаластин баргузор гардид.
Ин Форум аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дарназардошти зарурати башардӯстона дар доираи рисолати башардӯстонаи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ташкил карда шуд.
Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ – ин баррасӣ ва имконпазирии роҳҳои амалиёти фаврии башардӯстона барои фиристодани кӯмакҳои башардӯстона ва интиқоли он ба Ғазза, мустаҳкам намудан ва зиёд кардани ҳамкории зич ва ҳамоҳангсозии қисматҳои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои дастгирӣ намудани Ҳилоли Аҳмари Фаластин, баррасии роҳҳои гуногун баҳри оташбаси доимӣ ва эҷоди як долони амни башардӯстона тавассути воситаҳои дипломатияи башардӯстона ва ғайра ба ҳисоб меравад.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти ҷамъиятхои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, намояндагони Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Созмони Миллали Муттаҳид, Созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҳукуматӣ ва ғайра иштирок намуданд.
Роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон низ дар ин форум иштирок намуд.
Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Яъқуб Сулеймонӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба мулоқот намуд.
Маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, 22 январи соли 2023