19 июни соли 2022 Франческо Рокка дубора ба ҳайси Президенти Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССҲА) интихоб гардид. Ҷаноби Рокка аз ҷониби намояндагони 192 Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар 23-юми Ассамблеяи Генералии ФБҶССҲА, ки дар Женева баргузор шуд, интихоб карда шуд.
Ҷаноби Рокка дар мавриди дубора интихоб шуданаш гуфт: “Мо дар замони ниҳоят ноором зиндагӣ дорем. Роҳҳои хатарноки ноустувори иқтисоди ҷаҳонӣ, нарасидани ғизо, бӯҳрони иқлимӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи саломатӣ як лаҳзаи бесобиқаи хатарро барои ҷаҳон эҷод мекунад.
“Ман ифтихор дорам, ки дар якҷоягӣ бо 14 миллион волонтёрони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дар айни замон тамоми кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то ба ҷамоатҳои маҳаллии худ хидмат кунанд, фаъолият намоям”.
Раиси Салиби Сурхи Русия – Павел Савчук дар пайи натиҷаҳои овоздиҳӣ узви Раёсати (Шӯрои роҳбарикунандаи) Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Аврупои интихоб гардид.
Овоздиҳӣ рӯзи якшанбеи 19 июн дар Ассамблеяи Генералии ФБҶССҲА, баргузор шуд.
Имсол ба хайати мақомоти рохбарикунандаи Федерация намояндагони 27 мамлакат интихоб шуданд. Намояндагони 20 чамъияти миллй, аз чумла Ҷамъияти миллии Россия ғолиб омаданд. Бояд қайд намуд, ки Салиби Сурхи Русия дар 10 соли охир бори аввал ба ҳайати Раёсати ФБҶССҲА шомил шуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 21 июни соли 2022