Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар натиҷаи ҳаводиси марзии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оби нӯшокӣ, нон, бастаҳои гигиенӣ ва кӯмаки равонию иҷтимоиро ба шахсони осебдидаву ниёзманд тақсим намуд. Кормандон ва ихтиёриёни Ҳилоли Аҳмари Тољикистон аз оғози бӯҳрон кӯмакҳои башардӯстона мерасонанд. Арзёбии эҳтиёҷоти маҳаллӣ идома дорад ва Ҳилоли Аҳмар дастгирии худро ба аҳолии зарардида идома медиҳад.