15 октябри соли 2019 дар толори Анри Дюнани Дастгоњи Иљроияи Кумитаи Марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) љаласаи чамъбасти фаъолияти ҶҲАТ дар нўњмоњаи соли 2019 бо иштироки кормандони љамъият баргузор гардид.
Ҷаласаро Ќурбониён Бањодур, котиби генералии ЉЊАТ њусни оѓоз бахшид.
Сипас, Котиби генерали ҶҲАТ дар бораи фаъолияти њамаи сохторњои ҶҲАТ дар нўњмоњаи соли 2019 суханронї намуда, ќайд намуд, ки якќатор бахшњои шањриву ноњиявии ҶҲАТ наќшаи молиявиашонро то ин давра ба таври зарурї иљро накарданд. Ў њамчунин оид ба пардохти ќарзи барномањои фоидаовар дар ноњияњои Фархор, Лахш, Н. Хисрав, ва Ванљ изњори нигаронї намуда, оид ба њалли ин масъала то охири соли 2019 бахшњои минтаќавии Бохтар ва Кўлоб ва бахши ВМКБ-ро мутасаддї намуд.
Ба шуъбаи фондрайзинг ва бахшњои ҶҲАТ супориш дода шуд, ки роњњои нави љалби маблаѓњоро дарёфт намоянд.
Сипас, Файзализода Нурулло, муовини якуми Котиби генералии ҶҲАТ љаласаро идома дода, оид ба масъалањои аъзошавї, иљрои вазифањои оинномавї ва дигар масъалањои њалталаб суханронї намуд.