19-уми ноябри соли 2021 дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз тарафи танзимгари барномаи «Тарғиби Арзишҳои Ҳуқуқҳои Инсондустӣ, Иттилоот, Дастрасии бехатари ва Барқароркунии робитаҳои оилавӣ» вохўрӣ гузаронида шуд. Дар рафти вохўрӣ бо хонандагон ва омӯзгорон оид ба пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Љамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин мафҳуму принсипҳои бунёдии СС ва ҲА, муоҳидаҳои Женева, кай ва аз тарафи ки қабул ва эътироф гардидааст сўҳбатҳо, инчунин оид ба тарзи истифодабарии аломату нишонҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар корҳои амалӣ ва саволу љавоб гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ 39 нафар иштирок намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 22 ноябри соли 2021