Чорабинии иттилоотӣ дар Колеҷи касбӣ техникии шаҳри Кӯлоб

0
446

4 ноябри соли 2023 аз ҷониби Нодир Аминзода, хамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо Малика Нозимова, танзимгарии минтақавии барномаи “Иттилоот, ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ ва хадамоти ҷустуҷу”-и филиали ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар Колеҷи касбӣ техникии шаҳри Кӯлоб чорабинии иттилоотӣ барпо карда шуд.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, аз ҷониби Малика Нозимова оид ба барномаҳои иттилорасонии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва хадамоти ҷустуҷу ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

Зиёда аз 100 нафар донишҷӯён ва устодони ин муассисаи таълимӣ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 4 ноябри соли 2023