Чорабинии иттилоотӣ дар Коллеҷи тиббии Давои шаҳри Бохтар

0
484

08 ноябри соли 2023 аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд. Ин чорабинӣ барои 50 нафар донишҷуён ва омӯзгорони Коллеҷи тиббии Давои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барпо гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, Наимҷони Каримзода, танзимгарии минтақавии барнома дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба иштирокчиён маълумот дод.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 08 ноябри соли 2023