07 ноябри соли 2023 Нодир Аминзода, хамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Наимҷони Каримзода, танзимгарии минтақавии барнома дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар Кумитаи ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтари вилояти Хатлон чорабинии иттилоотӣ баргузор намуданд.
Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.
Ҳамчунин, Наимҷони Каримзода оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба иштирокчиён маълумот дода шуд.
Дар ин чорабинӣ роҳбарият ва зиёда аз 15 нафар кормандон ва волонтёрони Кумитаи ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтари вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, 07 ноябри соли 2023