Чорабинии иттилоотӣ дар литсеи касбии саноати кимёи шаҳри Леваканд

0
386

07 ноябри соли 2023 аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд. Ин чорабинӣ барои 25 нафар омӯзгорон ва донишҷуёни литсеи касбии саноати кимёи назди филиали Донишгоҳи байналмилалии туризм ва соҳибкорӣ дар шаҳри Леваканд барпо гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, Наимҷони Каримзода, танзимгарии минтақавии барнома дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба иштирокчиён маълумот дод.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 07 ноябри соли 2023